ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ҚАЛЛОБ ОШКОР ШУД!

Бино ба навиштаи расонаҳо аз баёнияи Прокуратураи генералии ҶТ Муҳаммадиқбол Садруддинов як нафар аз хоинони миллати тоҷик ва ҳамзамон аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Дубайи АМА се нафар шаҳрвандони кишварро фиреб дода, бо баҳонаи барпо намудани тиҷорат аз онҳо маблағ дар ҳаҷми 430 000 долларо гирифтаасту бо баргардонидани чанд фисад дигар як дирҳам ҳам барнагардонидааст. Тавре, ки дар баёния дида мешавад М. Садриддин бо овардани ҳадису ояҳо аз шариат ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро фиреб додааст. Ин ҷо боз маълум мешавад, ки наҳзатиён асло нияти нек надоранд ва ҳар яке аз онҳо ҷосусу хунхор ва разилу хиёнаткор мебошад. Имрӯз М.Садриддин бори дигар исбот кард, ки як қаллоб ва фиребкору террорист асту пешааш низ фиребу найранг аст.  Воқеан ҳам агар ҷустуҷӯ намоем садҳо шаҳрвандони кишвар ҳастанд, ки аз дасти наҳзатиён бо чунин шева фиреб хӯрдаанду ҳоло ороманд ва ҳатман рӯзе онҳо низ асрори наҳзатиёни малъунро фош хоҳанд кард.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодуруст ва қаллобии душмани миллат М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар вай лаънат бодат мегӯем!