Ҳамон тавре, ки маълум аст, душманони миллати тоҷик имрӯзҳо бо истифода аз афроди гумроҳ ва ҳуввиятбохта бар алайҳи миллати мо мубориза мебаранд, то пояҳои давлатдории миллии моро коста гардонанд ва албатта ба ин мақсади хеш нахоҳанд расид. Зеро ҷомеаи Тоҷикистон, миллат аллакай дарк намуд, ки наҳзатиён ва дигар гурӯҳҳои ба ном мухолиф зери чатри душманони миллат ҷамъ омада ба хотири пулу мол хиёнаткориву хоиниро пешаи худ намудаанду аз ин ҳисоб аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд, ки ин бисёр ҳам амали нангин ва расво мебошад.
М. Кабирии террорист роҳбари ТТЭ ҲНИ аз ҳамин қабил хиёнаткорони фурӯхташуда мебошад, ки ба хотири маблағ худро бозичаи дасти хоҷагони хориҷияш сохтаасту имрӯзҳо аз барои пулу мол бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори ҷоҳилона ва хоинонаи М. Кабириро комилан маҳкум намуда, бар вай шармат бод мегӯем!