ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Ҳамон гуна, ки маълум аст, ин шабу рӯз тамоми мардуми кишвар ва махсусан ҷомеаи  ҷаҳонӣ аз фаъолиятҳои инсонбадбинона ва террористии аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои террористӣ ба хубӣ огоҳ шуданд ва дарёфтанд, ки наҳзатиён чӣ каоне пастфитрате будаанд.

Он ҷаҳолат ва ваҳшонияте ки наҳзатиён бар сари миллати тоҷик оварда буданд, дар ягон гӯшаву канори олам такрор наёфтааст. Наҳзатиён амдан бар  алайҳи арзишҳои муқаддаси миллати тоҷик баромад намуда, ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро поймол намудаанд, ки ин бахшида нахоҳад шуду аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар ин ҷиноятҳои худ бояд ҷавоб гӯянд. Зеро хиёнати бузарги наҳзатиён ҳаргиз бахшида намешаваду ватанфурӯшони палиди наҳзатӣ ҳам  ҳаргиз инсон дониста намешавад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни манфурро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!