Ҳар як миллат ва қавмҳои дорои ҳувият имрӯз мехоҳад мустақил ва зери парчами худ гом бардорад, аммо то ба имрӯз ҳастанд халқияту қавмҳое, ки шуморашон аз даҳҳо миллион гузаштаасту боз ҳам истиқлолият надоранд, давлати комилан миллии худро надоранд, ки ин бисёр ҳам бохти бузург мебошад. Вале хушбахтона миллати тоҷик имрӯз соҳибистиқлол асту давлати мустақили худро дорад, ки ин бахти бениҳоят бузург мебошад. Истиқлолият бар миллати тоҷик хушбахтӣ, озодӣ ва ваҳдатро дод, ки имрӯз миллати тоҷик соҳибдавлат асту давлати комилан миллии худро дорад, ки ин ҳам орзуву омоли деринтизори миллати тоҷик мебошад. Дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ миллати тоҷикро тамоми ҷаҳон шинохту эътироф намуд, ки ин мақоми баланд мебошад.
Ҳоло кӯчаву хиёбонҳои ободу зебои диёрро дида, кас ба ҳайрат меафтад, ки чӣ хел Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ин қадар ободу зебо ва руш кардааст. Воқеан, дар як муддати кӯтоҳ бо ҳидоятҳову талошҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, Тоҷикистон ба як марҳилаи сифатан нав қадам гузошт, ки ин ҳам аз баракати истиқлол мебошад.
Мо, омӯзгорони кафедра ба ин неъмати бузург-яъне истиқлолият шукргузорӣ намуда, ба ҳама ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки истиқлолияти кишварро мисли гавҳараки чашм бояд ҳифз намуд.