ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НАҲЗАТИЁН БА ХОТИРИ ПИНҲОН МОНДАНИ ҶИНОЯТҲОЯШОН НОМИ ТАШКИЛОТАШОНРО ДИГАР КАРДААНД!

Ҳарчанд маълум аст, ки ин шабу рӯзҳо душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни манфур, ки ҳамагӣ зери чатри ТТЭ ҲНИ баромад мекарданд, табдили ном намудаву номи ташкилоти террористии худро ТТЭ ПМТ гузоштаанд, то ҷомеаро бо ин роҳ фиреб диҳанд. Аммо набояд ин нуктаро фаромӯш кард, ки модари наҳзатиён ҳамон ТТЭ ҲНИ аст ва ин ки имрӯз наҳзатиён пас аз фирор ба хориҷи кишвар табдили ном намудаанд, як макри навбатии онҳост. Зеро бо номи ТТЭ ҲНИ ҳама аъмоли зишт ва разиливу хиёнаткории онҳо барои ҷомеа бармало шуд ва ҳамчунин кӣ будани хоҷаи хориҷияшон ҳам ошкор гардид, ки ин албатта бинои фанду фиреб ва дурӯғҳои чандинсола сохтаи наҳзатиёнро барбод дод.

Ҳоло наҳзатиён дигар наметавонанд, ҷомеаро мисли қаблӣ бо фармони хоҷагони хориҷияшон гумроҳ созанд ва ба ҳамин далел номи ташкилоти террористияшонро иваз карданд, то ҷавононро бештар фиреб диҳанду гумроҳ гардонанд, мисле, ки солҳои 90-ум кардаанду кишварро ба коми оташи ҷанг кашиданд.

Табдил додани номи ташкилот барои наҳзатиён пеш аз ҳама ба хотири пинҳон нигоҳ доштани ҷиноятҳояшон мебошаду халос.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни палид ва касифу разилро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!