ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТЭТ ҲНИ СОЗМОНИ МАНФУРТАРИН ТЕРРОРИСТОН

Чуноне, ки аз таҷрибаи аксарияти созмонҳо бармеояд, бисёре аз ташкилкунандагон бо кадом мақсад ё бо пули шахсӣ ва ё бо пули кадом сармоягузоре созмонеро бунёд ва ё таъсис медиҳанд. Аксарияти иттиҳодияҳои диниву мазҳабӣ ҳам аз ҷониби афроди алоҳида сармоягузорӣ мешавад, ки мақсадаш дар оиннома  навишта мешавад.

Аммо дар оинномаи ТЭТ ҲНИ бошад ин масъала комилан ба таври дигар навишта шудааст ва сармоягузорони хориҷӣ ҳам на ба нияти ҳифзи дин ва арзишҳои мазҳабӣ, балки ба нияти ноором сохтани ҷомеа ва гумроҳ гардонидани мардум ташкил карда шудааст. Яъне ТЭТ ҲНИ аз ҷониби созмонҳои террористӣ сарапарстӣ шуда, намояндагии созмонҳои бузурги террористӣ дар Осиёи Марказӣ будааст. Инро мо замоне пай бурдем, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ худро дошта натавониста ҳамчун чеҳраи нотакрори терроризм фаъолият намуданд ва нияти нопоки худро ошкор сохтанд ва амалҳои ифротгароии худро такрор намуданд, ки ҷомеа аз ин бахубӣ огоҳ гардид.

Аслан гирем барои ТЭТ ҲНИ аксарияти аъзоёнаш ҳамчун авбошон ва ҷинояткорони собиқ ҷамъ омада буданд ва мақсади аслии онҳо ин гумроҳ кардани мардум ва нест кардани кишвар буд ва хушбахтона ин нияти нопоки хоинони наҳзатӣ ошкор гардид.

Мо омӯзгорон рафтори ноодилонаву хиёнаткоронаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, наҳзатиёнро ҳамчун чеҳраи манфуртарини терроризм мешиносем.