ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НАҲЗАТИЁНРО МАГАР МОДАР ТАВАЛЛУД НАКАРДААСТ!

Ба наздикӣ филме бо номи “Хиёнат” нашр  шуд, ки аз воқеият ва даҳшатву ваҳшати овардаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ё ҳамон наҳзатиёни манфур бар сари миллати тоҷик сухан менамояд. Воқеан ҳам дар филм чӣ гуна бар ҳамватани худ хиёнат намудан, роҳи имкониятро бастани наҳзатиён дар солҳои 90-ум хуб ба тасвир кашиду шудааст ва ҳамон хиёнатҳову ҷинояҳои пинҳонмекардаи наҳзатиёнро ошкор намудааст.

Ҳатто аз даҳшати Сурияву Либия ҳам даҳшати овардаи наҳзатиён бар сари мардум, мусибати овардаи наҳзатиён, фоҷеаи овардаи наҳзатиё6н, он куштору бераҳмиҳову разолаи наҳзатиён боиси нигарониву таассуф аст. Наход инсон бар сари ҳамватани худ чунин ғаму кулфатро раво бинад?

Аз дидани филми мазкур, ки ҳақиқати бебаҳсро дар мавриди наҳзатиён ва ҷиноятҳояшон ошкор менамояд, воқеан ҳам дида пур аз ашк мегардаду дил пур аз яъсу ноумедиву сӯзиш. Охир ин бисёр ҳам рафтори ношоиста ва нодурусти наҳзатиён бар алайҳи аҳолии бесилоҳ ва бегуноҳ мебошад. Чӣ хел инсон метавонад чунин бераҳму шафқат бошад?

Оё наҳзатиёнро магар модар таваллуд накардааст?

Мо, устодони кафедра аз дидани ин саҳнаҳои сангину душвор ва бисёр ҳам ҳузнангез ва далелҳои раднопазир бар алайҳи душманони миллати тоҷик аъзоёни ТТЭ ҲНИ сахт андӯҳгин буда, аз Ҳукумат ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар талаб менамоем, ки барои ба Суди байналмилалӣ муроҷиат намудан бар алайҳи наҳзатиён талош намоянд. Зеро ин ҷинояти сахттарини наҳзатиён бар алайҳи миллати тоҷик мебошад, ки нобахшиданист!