ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва ба мақсадҳои нопоки худ ноил гардидан аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то идеологияи ифротии худро паҳн созанд.

Аксарияти гурӯҳҳои ифротӣ, ки имрӯз бештар ҷанбаи мазҳабӣ доранд  аз имкониятҳои мавҷуда сӯистифода намуда, бо шарҳу тафсири нодурусти ояву фармудаҳои шариати динӣ мардумро гумроҳ месозанд, ки ин ҳолат бисёр ҳам хатарнок мебошад. Зеро ҳар нафаре, ки маълумоти камтар дорад ва аз ин гурӯҳҳои ифротӣ хабар надорад, метавонад зуд фирефтаи ин гуна доираҳои ифротӣ гардад.

Зеро гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротгаро бештар аз технологияҳои пешқдам баҳри мағзшӯйӣ истифода менамоянд, ки ин бисёр ҳам зиёновар бар ҷомеа низ ҳаст ва албатта хатари бузургеро низ пешгӯйӣ менамояд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори душманон ва хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, бар ҳама сокинони кишвар гуфтани ҳастем, ки худро аз гурӯҳҳои ифротӣ эмин доранд ва талош кунанд, то маълумоти гурӯҳҳо ва созмонҳои ношиносро ба таври ҷиддӣ мавриди ташхис қарор диҳанд.