Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, маризии ҳамагир КОВИД-19 ё коронавирус имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва аксарият ҳоло аз ин ранҷ мебаранд. Бисёре кишварҳо феълан дар ҳоли мубориза бо ин маризӣ қарор доранд. Аммо ҳоло ин маризӣ ба дари мо низ қадам задааст ва феълан миллат бо ин маризии ҳамагир дар мубориза аст.
Табибон шабу рӯз ҷоннисорӣ мекунанд, то маризонро наҷот диҳанд ва ин албатта аз нангу номуси миллат вобаста аст, ки дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” ба ин масъала хеле равшан ва зебо муаллифон баёни андеша намудаанд. Зеро дар шароити кунунӣ танҳо нангу номус ва ҳамон шуҷоати тоҷикӣ метавонад моро аз ин маризӣ наҷот диҳад ва пирӯз гардонад.
Аммо ин шабу рӯз тавре, ки дар мақолаи мазкур омадааст, афроде пайдо шудаанд, ки дар ин лаҳзаҳои душвор ва мушкили миллат механданд ва аз ин ҳолат ба манфиати худ сӯистифода карданӣ мешаванд, ки бисёр ҳам номардона аст. Аммо ин пастфитратон ва номардон кистанд? Оё ин тоифа авлодан ҳамин гуна хиёнаткоранд?
Дар мақолаи мазкур роҷеъ ба ин номардон чунин ишора рафтааст: “Дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгу, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад».”
Яъне маълум мешавад, ки аз тути пусида на мурча, балки порӯи гандзада берун рехтааст. Аммо ин тоифаи бадкеш бояд бидонанд, ки муборизаи миллат ин шабу рӯз бо КОВИД-19 оқибаташ пирӯзист.
Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллат ва душманони бадкеш (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол)-ро маҳкум намуда, бар ин пастфитратон лаънат мехонем.