ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ДАР ҲАМСОЯГӢ ҶАНГ НАШОЯД!

Чандест, ки мардумони қирғиз дар марз бо ноҳияи Исфара ғайриқонуниву худсарона замини ба кишвари мо тааллуқдоштаро аз худ намуда, кӯшиш мекунанд, ки онро соҳибӣ кунанд ва боз бар замми ин ба ҷониби мардумони осоиштаи аҳолӣ сангпартоӣ менамоянд ва ҳатто аз силоҳи оташфишон низ истифода кардаанд, ки хилофи ҳамсоядорӣ мебошад.

Зеро тавре, ки медонем ҳаргиз мардуми тоҷик ба сари касе бемаврид ва нозарурӣ силоҳ набардоштааст ва ҷониби нафаре беҳуда санг наандохтааст. Ин ки имрӯз қирғизҳо чунин номардӣ мекунанд, мо маҷбурем, ки дар ҷавоб ҳамин гуна посух диҳем, то қирғизҳо донанд, ки дар ин ҷо мо низ метавонем санг партоему силоҳ бигирем.

Аммо ин бор ҳатман қонуни ҳамсоядорӣ вайрон мешавад, ки бар ин ҳам худи қирғизҳо гунаҳкоранд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ношоистаи қирғизҳоро ба таври кулли маҳкум намуда, ба ин тоифаи бадкеши бодиянишини қирғиз шармат бод мегӯем!