ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ШАҲРВАНДОН БОЯД ХУДРО ЭҲТИЁТ НАМОЯНД!

Тавре, ки имрӯзҳо аз маълумоти табибон ва коршиносон бармеояд, дар тамоми ҷахон масъалаи хифзи саломатии афрод дар мадди аввал меистад. Ҳоло тамоми мутахассисон талош менамоянд, то сокинони кишвар дар ин шабу рӯз бештар дар хона бимонанд ва беҳудаву безарурат ба берун набароянд.

Зеро имрӯз саломатии ҳаряк шахс аз қадами гузоштаи худаш вобаста аст. Дар ин давраи бисёр ҳам мудҳиш, пандемияи ҳамагири ҷаҳонӣ, ки бо номи коронавирус машҳур аст, ҳолу аҳволи ҷаҳониёнро ба ихтиёр гирифтааст ва танҳо бо фосила гирифтан ва дар хона нишастан метавонанд бар ин коронавирус пируӯз шаванд.

Ҳоло мардум набояд ба хурофот дода шаванд ва маҳз хурофот ва андешаҳои нозарур метавонад ҷомеаро ба роҳҳои нодуруст барад.

Аз ин лиҳоз аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба тавсияи табибон диққати ҷиддӣ диҳанд ва худро эҳтиёт намоянд.

Мо устодони кафедра аз ҳамаи шаҳрвандон тақозои онро дорем, ки ба саломатии хеш диққати ҷиддӣ диҳанд ва беҳуда ба хиёбону кӯчаҳо набароянд.