Қабл аз сафари Пешвои муаззами миллат ба кишварҳои Аврупо хоинони наҳзатӣ барои миллатро гумроҳ намудан ва ҷавононро сарсон кардан ҳар гуна матолиби дурӯғбарангезро нашр намуданд, ки асоси воқеӣ надошт. Ҳарчанд матлабҳои паҳн намудаи наҳзатиёни палид бо мақсади гумроҳсозии ҷавонони тоҷик равона шудааст, лек намешавад бо ин ҳад бо дурӯғи наҳзатиён зист.
Нахуст бояд таъкид намоям, ки дар ҷараёни сафар Пешвои муаззами миллат бо сарони давлатҳои Аврупо як қатор санаду созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки ба манфиати миллати тоҷик аст.
Бояд тазаккур диҳем, ки ин тоифаи паст ва тирасарони наҳзатӣ аз ягон чиз маълумот надоранд ва фақат бо ду калимаи диниву мазҳабӣ худро намояндаи ТЭТ ҲНИ гирифта, ҳар гуна матлаб менависанд, ки хилофи қонун ва арзишҳои инсонӣ мебошад.
Мо, устодони кафедра ин амалҳои наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки сафарҳои Пешвои муаззами миллат ба давлатҳои хориҷа бар нафъи миллати тоҷик аст.