ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НОМЗАДИ АРЗАНДА ВА БЕҲТАРИН!

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав интихоби раис ва муовинони Маҷлиси миллӣ сурат гирифт, ки аз ҷониби вакилон номзадии Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси нави Маҷлиси миллӣ интихоб карда шуд.

Албатта, интихоби раиси шаҳри Душанбе ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хеле бамавқеъ ва саривақтӣ мебошад. Зеро Рустами Эмомалӣ роҳбари ҷавон ва пуртаҷрибаву соҳибмактабанд, ки ин ба эшон барои пешбурди корҳои пурмасъулият мусоидат менамояд.

Рустами Эмомалӣ аз табақаи қишри ҷавони ҷомеа ҳастанд, ки тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ симои пойтахти азизи кишварамонро тағйир диҳанд ва ба як маркази байналмилалӣ табдил диҳанд, ки ин аз баҳра бурдани он кас аз мактаби бузурги сиёсатмадории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Мо, устодони кафедра ба ин маснади баланд шарафёб гардидани Рустами Эмомалиро табрик гуфта, эшонро номзади арзандаву беҳтарин дар ин вазифа меҳисобем!