Чандест дар сомонаҳои гуногун хоинони бадкеши миллат ба хотири гумроҳ намудани миллат ва паст задани обрӯйи кишвар дар арсаи байналмилалӣ бештар ба танқиду туҳмати ҳукуматдорон ва афроди меҳанпараст даст зада, талош менамоянд, ки муҳаббати ин афрод бар миллат ва боварияшонро халадор созанд.
Ва ҳамин аст, ки ҳар рӯз як қиссаву як достони бардурӯғ фикр намуда, кӯшиш мекунанд, ки ҳамонро ба маърази ом гузоранд. Ҳоло хоинони наҳзатӣ, ки аслан душмани аслии миллати тоҷик низ ҳамин наҳзатиёни манфуранд, талош менамоянд, ки бо баҳонаҳои гуногун мардумро аз зиндагӣ дилсард созанд ва сарсону гумроҳ намоянд, то баъдан ба осонӣ ба ғуломи хоҷаҳои хориҷияшон табдил диҳанд.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши наҳзатиро, ки ҳамеша барои бадном кардани фарзандони фарзонаи миллат талош менамоянд, маҳкум намуда, ба ин малъунони наҳзатӣ лаънат мехонем.