ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ВАТАНДӮСТӢ ҲАМ ИМОНДОРИСТ!

Бузургон гуфтаанд, ки беҳтарин фазилати имондорӣ ин ватандӯстӣ мебошад. Ҳоло ин ки ҷавонон ин масъаларо то чӣ ҳад дарк мекунанд, суолест, ки дар охири маъракаи даъват ба сафи Артиши миллӣ маълум хоҳад шуд. Зеро аксарияти ҷавонони синни даъватӣ бо баҳонаҳои мухталиф гоҳо худро аз Ватан дур мегиранд ва ё аз хизмат ба Ватан саркашӣ менамоянд, ки ин хилофи амали мардон аст.

Ҷавонмардии  мо ҳамон вақт маълум мешавад, ки мо агар дар ҳақиқат ҳам дар замири худ самимият ба Ватан дошта бошем ва ангезаҳои садоқатро ба ин сарзамин парвариш диҳем. Он гоҳ мо метавонем худро аз ватандӯстони асил биҳисобем ва бо ифтихор сар боло намоем. Аввалин қадамҳои ватандӯстонаи ҷавонон ин сафарбар шудан ба сафи хизмати ҳарбӣ мебошад, ки мо бояд ин қарзи ҳаҳрвандии худро иҷро намоем ва Ватани азизи худро аз бегонагон ҳифз намоему дар ин давра аз мактаби шуҷоат бигузарем.

Мисоли равшани ин гуна ҷавонони ватандӯстро мо метавонем аз ҷавонони Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара ва ҷавонони ВМКБ ном барем, ки дар рӯзҳои нахустини маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ҷавонони шуҷоъро офарин хонда, ба ҷавонони дигари синни даъват гуфтани ҳастем, ки аз ин далерони сафарбаршуда, ибрат гиранд.