ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НЕСТ БОД ДУШМАНОНИ БАДКЕШИ МИЛЛАТ!

Душманону хоинони бадкеши миллат ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва бештар амалӣ сохтани нақшаҳои душманонаи худ, талош мекунанд, ки аз ҳар вазъият истифода намуда, аз боварии мардум сӯистифода намоянд.

Онҳо бештар аз аҳамияти паҳншавии  КОВИД-2019 сӯистифода намуда, мехоҳанд, ки мардумро бо хабарҳои сохта таҳлуказада созанд ва воҳимабарнгезӣ намуда, ҷомеаро ба роҳгумӣ баранд. Ва аз ҳамин ҳолат истифода намуда, ташкилотҳои террористии худро реклама мекунанд.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, ҳама чораҳо баҳри пешгирии ин вирус дар кишвари азизамон андешида шудааст ва ҷомеаро  набояд ба воҳима андохт. Ҳарчанд наҳзатиёни малъун аз ин ҳолат истифода намуда мехоҳанд, ки ҷомеаро тарсзада созанд ва мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, ба ин палидони наҳзатӣ лаънат мехонем.