ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НЕСТ БОД ТТЭ ПМТ!

Душманон, ҳабисон, разилон ва хоинони бадкеши наҳзатӣ пас аз ошкор шудани ҷиноятҳояшон аз кишвар фирор намуда, дар минтақаҳои Аврупо паноҳ бурда, ниқоби нави ТТЭ ҲНИ ташкилоти терористӣ-экстремистии навро бо номи “ПМТ”, ки бар зидди миллат равона карда шудааст, таъсис доданд, ки роисияшро хоини миллат, террористи бадкеши ҷаҳон Кабирии палид бар дӯш дорад.

Аслан, гирем ТТЭ ПМТ ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо номи нав арзӣ ҳастӣ намудааст ва аъзоёнаш ҳамон наҳзатиён манфуру ҷинояткору террорист ҳастанд, ки дар Аврупо истода, мехоҳанд, ки ба чашми миллат хок зананд.

Ногуфта намонад, ки ТТЭ ПМТ бо сармоягузории хоҷагони хориҷии наҳзатиёни манфур таъсис дода шудааст ва аз ҷониби ҳамон сармоягузорони ТТЭ ҲНИ маблағгузорӣ мешавад, ки ин боз ҳам нусхаи нави ТТЭ ҲНИ будани ТТЭ ПМТ-ро исбот мекунад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин палидони лаънатӣ, хоинони манфур, душманони миллат, лаънат мехонем!