ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Ҳоло пас аз ошкор шудани ҷиноят ва амалҳои террористии содирнамудаи наҳзатиён ва ё худ аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90 –ум  ин тоифаи бадкеш ба хориҷи кишвар паноҳ бурданд ва аз ҳамон ҷо истода ба хотири гумроҳ кардани мардум туҳматномаҳо нашр мекунанд, ки ин ҳам як навъ хиёнати ин тоифаи бадсиришти наҳзатист.

Феълан наҳзатиёни манфур ба хотири паст намудани обрӯву мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош мекунанд ва аллакай барои ин кор чандин хиёнатро ҳам раво дидаанд, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад.

Зеро мо хуб медонем, ки чеҳраи аслии ин манфури наҳзатӣ чӣ гуна аст ва ин тоифаи бадкеш барои кадом хоҷаашон кор мекунанд?

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ин тоифаи бадкеш лаънат мехонем.