Чанде қабл расонаҳои наҳзатӣ вобаста ба ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар кишвар гузориш пахш намуда, талош намуданд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ таъсири манфии худро расонанд, аммо хушбахтона расонида натавонистанд ва мардум ҳам фирефтаи суханони авбошонаи онҳо нашуд.
Зеро миллати тоҷик хуб медонад, ки душманони наҳзатӣ аз пашша фил месозанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҷомеаро гумроҳ созанд бо нашри хабарҳои бардурӯғ ва иғвобарангез.
Ҳоло, ки дар кишвар интихобот ба таври озоду шаффоф ва демократӣ гузашт, дигар наҳзатиёни палид ва душманони миллати тоҷик дар чорроҳаи сарсониву саргардонӣ монданд.
Мо, омӯзгорони кафедра фаъолияти иғвобарангезонаи наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, ҳамаи ин тоифаи бадкешро маҳкум менамоем.