ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТЕРРОРИЗМ –ВАБОИ АСР!

Ҳамагон хуб шоҳидем, ки имрӯзҳо бо таъсири манфии гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои олам шаҳрвандон аз оддитарин имконияти зист маҳрум мешаванд ва ба як тоифаи  эҳтиёҷманд мубаддал мегарданд, ки ин хеле нигаронкунанда аст. Чизи дигар ин вайрону валангор намудани манзилҳои зист ва дигар ашёи муҳим барои ҷамъият мебошад, ки  ин ҳам оқибати бад дорад.

Чуноне, ки медонем ҳоло дар Афғонистон чандин гурӯҳҳои террористӣ пинҳонӣ амал менамоянд ва ҳамеша ба ҳаёти сокинони осоишта таъсири манфӣ мерасонанд ва дар баъзе маврид барои зистан ҳам халал мерасонанд.

Аз ин лиҳоз решакан намудани гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ аз вазифаҳои аваллиндараҷаи давлатҳо ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Зеро гурӯҳҳои террористӣ ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд ва инсонро дар ҳолати ногувор қарор медиҳанд, ки қабулнакарданист.

Мо омӯзгорони кафедра ба таври комил созмонҳо ва гурӯҳҳои террористирот маҳкум менамоем ва бар афроди сармоягузори ин вабо лаънат мехонем.