ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НОТАВОНБИНОНИ МИЛЛАТ АЗ САФАРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ҲАМ ҲАНГОМА СОХТАНӢ МЕШАВАНД

Маълум аст, ки ин рӯзҳо Пешвои муаззами миллат бо сафари корӣ дар кишварҳои Аврупо қарор доранд ва барои тақвият бахшидани равобити Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ин сафар хеле мусоид аст. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият то ба имрӯз кишвари Тоҷикистон тавонист, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намояд ва ин як дастоварди беназир аст. Имрӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ба шаҳрвандон бевосита кӯмак менамояд.

Ҳоло шаҳрвандони кишвар метавонанд дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ба намояндагиҳои Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва мушкилоти худро ҳал созанд.

Аммо душманони миллати тоҷик, аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ин имкониятҳову дастовардҳои Тоҷикистон нороҳат шуда мехоҳанд миллати тоҷикро гумроҳ созанд. Ҳоло ин тоифаи бадкеш аз сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба кишварҳои аврупоӣ ҳангома сохта, ҳар гуна матлабу маводи бардурӯғ нашр менамоянд, ки хилофи қонунҳои башарият мебошад.

Мо устодони кафедра ин рафтори ҷинояткорон ва террористони наҳзатиро маҳкум намуда, тарафдори ҳарчӣ беҳтар гардидани равобити кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ҳастем.