Ҳоло созмонҳову гурӯҳҳои ифротгароӣ дар гӯшаву канори олам фаъолият доранд ва бештар бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои информатсионӣ талош менамоянд, ки бештар ҷавононро гумроҳ созанд ва ба роҳи ифротгароӣ баранд.
Албатта, ифротгароӣ хатари бузург бар башарият ва роҳи расидан ба терроризм аст, ки мо инро дар мисоли аҳзоб ва гурӯҳҳои террористии гуногун мушоҳида менамоем. Мисоли ин гуна гурӯҳҳои ифротгаро ТТЭ ҲНИ мебошад, ки дар як муддатси кӯтоҳ пас аз ташкилаш ба як ташкилоти террористӣ мубаддал гардид ва хуни зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди кишварро рехт, ки ин бузургтарин хиёнати наҳзатиён дар таърихи башарият мебошад.
Ҳоло ҳам ҷавонон ва насли миёнсолро зарур меояд, ки бештар ба ҳифзи мафкура ва ғани гардонидани захираи маънавии худ аз ҳисоби мутолиаи адабиёти бадеӣ бипардозанд ва кӯшиш намоянд, ки фирефтаи чунин гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки бар алайҳи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ мубориза баранд.