ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТТЭ ҲНИ –КУЛБАИ ЧЕҲРАҲОИ МАНФУР

Чандест, ки дар расонаҳои таъсисдодаи худ наҳзатиёни палиду манфур бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва ҳамарӯза як тӯҳматномаеро ба нашр мерасонанд, ки ягон асоси воқеӣ надорад ва саропо дурӯғу кинаи манфурони наҳзатӣ аст.

Аслан аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро аслан манфур номидан ҳам андак нармгӯист, зеро ин тоифаи бадкеш аз манфур ҳам манфуртаранд ва душманони аслии миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Агар ба таърих рӯ биоварем, солҳои 90-уми асри гузашта ин хоинони манфур бо дастгирии хоҷаҳои хориҷияшон ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданд ва хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар бегуноҳро рехтанд, ки ин бузургтарин хиёнати ин тоифаи бадкеш аст.

Ҳамчунин соли 2015 бо кӯмаки генерали хоин Назарзода табаддулоти давлатиро гузаронидани шуданд, ки хушбахтона ноком шуданд ва ҳамин ҷо ҳам мехостанд ҳамин нақшаи солҳои 90-умашонро дубора такрор созанд.

Пас чӣ гуна мешавад, ин разилони бадкешро хоин ва манфуру душмани миллат надонист, вақте ба хони нонхӯрдаашон туф мекунанд?!

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ин тоифаи разилро  душмани башарият меҳисобем.