ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТТЭ ҲНИ САБАБГОРИ АСЛИИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Солҳои 90-уми асри гузашта иддае аз наҳзатиёни гумошташуда, мардумро ба майдонҳо кашиданд ва ақоиди бегонаро  тарғиб карданд ва ҳар сари қадам аз формати кории созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” кор гирифтанду мардумро бар зидди ҳамдигар ба ҷанг кашиданд. Ин буд, ки дар натиҷаи гумроҳшавии мардум оташи ҷанг аланга гирифт ва наҳзатиёни палид бо истифода аз имкониятҳояшон ва ҷалби ҷангиёни хориҷӣ хуни зиёда аз 150 ҳазор нафарро рехтанд ва иқтисодиёти кишварро фалаҷ гардониданд, ҳазоро нафарро бехонаву дар карданд, ки ин бузургтарин доғ дар таърихи миллати тоҷик аст.

Ҳоло ҳам ин наҳзатиёни малъун талош мекунанд, ки бар миллати тоҷик ҳамин хиёнатҳояшон такрор кунанд ва дили хоҷагони хориҷияшонро шод созанд.

Мо устодони кафедра ин хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин наҳзатиёни палид ва душманони разили миллат лаънат мехонем.