Борҳо собит шудааст, ки наҳзатиёни палид тарафдори сиёсӣ шудани ислом гардида, аз бародарони террористи ихвонии худ, ки бо номи ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” шинохта мешавад, пайравӣ менамоянд ва аксаран барномаҳои ҳамин ташкилоти террористиро амалӣ карданӣ мешавнад.
Тавре ки медонем, ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” созмонест, ки мехоҳад бо роҳи зӯрӣ ва табаддулоти давлатӣ соҳиби ҳукумат шавад ва андешаҳои ифротии худро амали созад. Ихвониҳои террорист барои ба мақсад расидан борҳо чандин роҳбарони кишварҳоро ба қатл расонидаанд ва ҳамеша дар пайи несту нобуд кардани ҷомеаи солим ва озодандеш будаанд. Ҳоло ин ташкилот дар чандин кишвари ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст, ки ҷавононро бояд аз ғояҳои пасти он вораҳонид.
Зеро фарзияе ҳам вуҷуд дорад, ки роҳбарони наҳзатиёни палид бо ихвониҳо солҳои 90-ум ошно гардида, ҳамкориро дар водии Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбакистон оғоз намудаанд ва ҳамон ҷо чанд ҳизби исломии дигар ҳам дар ин кишвар ташкил шудааст. Роҳбарони вақти ТТЭ ҲНИ дар ҳакорӣ бо ин ташкилшотҳои маҳаллӣ аз сармоягузорӣ ва барномаҳои ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” баҳраёб гардидаанд ва ҳамон ҷо пуштибони худро муайян сохтаанд, ки дар ин бора дар адабиётҳои илмӣ далели бештар омадааст.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин”-ро душманони башарият меҳисобем.