Ҳама чиз дар ҷаҳон бо майлон ва ё худ меъёри барномарезии худ пеш меравад ва ё падидае зуҳур мекунаду раванде дар остонаи кишварҳо моил ба вуруд ба ин ё он фарҳанг мегардад. Падидаҳои номатлуб низ ҳамин гуна дар шаклҳои мухталиф аз зуҳури худ дарак медиҳанд ва ё баъзан хеле зуд яку якбора дар чанд гӯшаву канори олам пайдо мешаванд.
Ифротгароӣ ҳам як зуҳуроти номатлубест, ки чандин сол аст, дар кишвари мо низ шинохта шудааст. Албатта, заминаи пайдоиши ин зушуроти номатлуб бештар ба аъзоёни ТТЭ ҲНИ таллуқ дорад, ки оҳиста-оҳиста ифротиёни наҳзатӣ ба террористони ашадӣ табдил ёфтанд ва амалҳои зиёди террористиро дар қаламрави ҷумҳурӣ содир намуданд, ки имрӯз ин ташкилоти террористии наҳзатиро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун террористони малъун эътироф кардааст.
На ҳамеша мешавад ба амалу рафтори инсон баҳои баланд дод ва ё ин ки касеро бешараф хонд, агар амлеро аз ӯ содир нашавад. Наҳзатиёни палид ҳам то замони ошкор шудани амалҳои содирнамудаи террористияшон хеле мартабаи баландро қоил буданд ва аслан наҳзатро ба як сабади бузурги дурӯғу фиреб ва иғвобарангезӣ табдил карда буданд, ки дар ниҳоят ҳамаи ин ошкор шуд.
Аз ин рӯ, моро зарур меояд, ки дар шинохти ин ё он тоифа саросема нашавем ва ҳатман барномаи омӯзишиву таҳқиқотиро ба кор андозем, то чеҳраи асили тарафро муайян намоем.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони наҳзатиро, ки бар хилофи ҳама арзишҳои инсонист, комилан маҳкум намуда, ин тоифаи бадсиришти наҳзатиро барои вайрон намудани одоби баланди инсонӣ ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон лаънат мехонем!