Дар асрҳои гузашта ва имрӯз ҳам дар бораи забони тоҷикӣ баҳсҳо зиёд мешавад ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст ва афроде аз таъриху пайдоиши ин забони оламгир бехабар худро забоншинос муаррифӣ намуда, бар зидди ин забон сухан мекунанд.
Аммо назар ба навиштаи таърихнигорон ин забон зиёда аз 700 сол ҳамчун забони давлатдории мардуми зиёди дунё хизмат менамуд ва домонаи фарогирии он аз Бухоро то Ҳиндустону дигар манотиқи олам рафта мерасид. Вале аз чӣ бошад, ки ҳамин далели таърихиро душманони забон ва фарҳанги миллати тоҷик инкор намуда, маълумотҳои бардурӯғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд ва гӯё онҳо фақат донанди ин забон ҳастанду халос.
Бо эълон гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони далватӣ ин забон дубора имконияти дар аҳди 70 сол аз дастдодаи худро ба даст овард ва имрӯз ҳамчун забони илм ва давлатдорӣ хизмат менамояд.
Мо аз забон ва фарҳанги худ ифтихор намуда, навиштаҳои ҷосусони кишварҳои хориҷиро дар бораи забони тоҷикӣ маҳкум менамоем ва то охирин лаҳза барои ҳифзи ин забони ноб талош меварзем.