Ҳамон гуна, ки маълум аст, имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда, мехоҳанд ҳама он хиёнатҳои солҳои 90-ум ба сари миллат овардаро пинҳон нигоҳ доранд. Ин наҳзатиёни палид ҳоло номи ташкилоти террористияшонро иваз намуда, мехоҳанд онро бо номи нав яъне ТТЭ Паймони миллӣ, ки дар асл бар зидди миллат равона гардидааст, муаррифӣ кунанд ва пинҳонӣ бар миллат хиёнат намоянд.
Зеро ин малъунон ва ҳаромзодаҳои наҳзатӣ мехоҳанд бо ин кор ба чашми миллат хок зананд ва ҷавононро гумроҳ созанду фирефтаи ғояҳои ифротии худ гардонанд.
Наҳзатиёни палид ҳоло дар хориҷ ба сар бурда, ҳамеша дар фикри бадном кардани миллати тоҷик ҳастанд ва ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ин хоинонро маҳкум намоянд.
Мо устодони кафедра ин хоинони миллатро маҳкум намуда, бар ин наҳзатиёни террорист ва хиёнаткор лаънат мехонем!