Мо, омӯзгорони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз марги ду нафар ҳамкоронамон сахт андӯҳгин буда, ба хонаводаи эшон сабри ҷамил хоҳонем. Аммо нашри хабар дар бораи фавти ҳамкоронамон имрӯзҳо моро нигарон намудааст.
Имрӯз дар сомонаи «Ахбор.ком» дар ин бора гузорише нашр шуд… Лек илова кардани ҳастем, ки дар хабари нашрнамудаи ин сомона аз санаи 18.05.2020 бо номи “БОЗ ЯК КОРМАНДИ ДОНИШКАДАИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ АЗ КОРОНАВИРУС ВАФОТ КАРД” гузориши нодуруст тавзеҳ шудааст. Чунки дар гузориши мазкур омадааст :“Ба гуфтаи онҳо, Манзура Сайдуллоева ва Инобат Шокирова низ дар ҷумлаи онҳое буданд, ки бо амри ректор, баъди таътил шудани донишгоҳҳо низ маҷбуран ба кор меомаданд”, ки комилан нодуруст мебошад. Зеро касе кормандонро маҷбуран ба кор ҷалб накардааст ва ба маълумоти шумо расониданием, ки Манзура Сайдуллоева аз санаи 20 –уми апрел ва Инобат Шокирова бошад аз санаи 30-уми апрел расман ба корношоямӣ баромадаанд. Ёдрас мешавем, ки он замон аз вуҷуди коронавирус дар кишвар касе иттилоъ надошт ва танҳо санаи 30 апрел Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳолатҳои монанд ба коронавирус дар ҷумҳурӣ хабар дода буд.
Ҳамзамон, бояд таъкид намоем, ки тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 08.05.2020 таҳти рақами № 05/12214 омӯзгорони синнашон аз 60 гузаштаро бо нигоҳ доштани музди меҳнат, муваққатан то баромадан ба рухсатии меҳнатӣ аз донишкада ҷавоб дода шуданд.
Тибқи банди 6-и Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 01.05.2020 таҳти рақами №1596 омадааст: “Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ то баромадан ба рухсатии навбатӣ ба омода намудани ҳисоботи солонаи соли таҳсили 2019-2020 оид ба иҷроиши корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, корҳои эҷодӣ машғул шаванд”.
Дар гузориши мазкур ин ҷумлаҳоро низ дидан мумкин аст, ки воқеиятро баръакс бармало месозад: “Ректори донишкада дар исрораш ба ҳатмӣ ба кор омадани кормандону устодон ба як мактуби вазорати маориф такя мекунад, ки тибқи он аз 15 май фақат муаллимони синнашон аз 60 боло бояд ба рухсатӣ фиристода шуда, боқимондаҳо бояд ба кор биоянд.”
Ба маълумоти муҳаррири ин сомона расонидани ҳастем, ки мувофиқи супориши ректори донишкада ба ҷуз аз узви коммиссияи аттестатсияи хатм ва роҳбарони корҳои хатмкунӣ, ҳамаи омӯзгорони донишкада аз санаи 01.05.2020 ба кори фосилавӣ гузаштанд ва дар хона машғули кор мебошанд.
Мо, аз ҳамкорӣ бо матбуот хушҳол мешавем, агар ҳамаи навиштаҳо дуруст тавзеҳ дода шаванд.
Изҳороти устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон вобаста ба гузориши нашр намудаи сомонаи “Ахбор.ком”.