ИЗҲОРОТИ УСТОДИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ ДКМТ САЛОМАТ НИЁЗОВА НИСБАТИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Дар мавриди истифодаи либоси миллӣ ҳаминро бояд таъкид намуд, ки либос таҷассумгари ботини инсон буда, фикру андеша ва пайравии шахсро ба ягон фарҳанг нишон медиҳад. Хуб медонем, ки ниёгони тоҷикон фарҳанги бой ва чандинасра дорад, либоси миллиамон низ хеле зебову шинам ва ба шароити муосир мусоид мебошад, ҳам аз ҷиҳати гигиенӣ ва ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ хеле қулай аст. Боиси шоди аст, ки аз тарафи роҳбарияти давлат ба эҳёи ҳунарҳо ва либоси миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидааст .Аз таърих маълум аст, ки дар ҳама давр зан, модар нигоҳдорандаи расму оини муқаддаси ниёгон ба ҳисоб рафта, яке аз муаррифкунандаи анъанаҳои тоҷикона дар ҷаҳон мебошад.

Ба ҷои кор бо либоси тавсиявӣ ҳозир шудани корманд тақозои замон аст. Аз ин хотир, ҳама гуна симои зишти чодарҳои сияҳи ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум мекунем.