ИЗҲОРОТИ УСТОДИ ДКМТ А,ОЛИМОВ: ЭҲТИРОМ БА ПУЛИ МИЛЛӢ

Дар рукнҳои Истиқлолияти кишвар гиромидошти пули миллӣ ҳамчун нишонаи истиқлолият алоҳида мавқеъ дорад. Имрӯз асъори сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил маҳсуб мегардад, ки таваҷҷӯҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.

Аммо авбошсиратон имрӯзҳо дар Тоҷикистон намуди нави эътироз алайҳи сиёсатҳои раисҷумҳурро кашф кардаанд, ки ин кори бениҳоят паст ба ҳисоб меравад, яъне мардум эътирози худро рӯи пули миллӣ навишта истодаанд. Талабҳои гуногун рӯи пулҳо аз 1-сомонӣ то 500-сомонӣ навишта шудаанд.

Ба фикрам ин  коре, ки ингуна одамон ба сомон дода истодааанд, худ беақлу хирадӣ ва беилму донишии ингуна одамонро нишон медиҳад.

Вақте, ки фарзандони мо соҳиби илму дониш, худшиносу бофарҳанг бошанд, ингуна навиштаҷотро дар ҳеҷ гуна ҷойҳо ҷой намедиҳанд.

Танҳо нафари ғофил аз  илму дониш ба чунин амал даст мезанад.

Эҳтироми пули миллӣ баландтар меистад.