ИЗҲОРОТИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТИИ ДКМТ: БА ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ СОДИҚ МОНЕД

ТТЭ ҲНИ ба ҳар роҳу усул мехоҳад тухми дасисаро бикорад. Нафрати мардумро гӯё зиёд карданӣ мешавад. Ин нохалафон, ки дастпарвари аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошанд, мехоштанд бо ин амал ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар зарба зананд. Аммо боварӣ дорем, тирашон хок хӯрд.

Воқеан , мардуми мо аслан меҳмоннавоз аст.  Сиёсати дарҳои бози давлати мо ба ҳамаи хоҳишмандон имкони боздид аз Тоҷикистонро фароҳам овардааст. Бе ягон мамониат мавзеҳои хушобу ҳавои кишварро тамошою лаззат бурдан барои сайёҳон раво аст.

Фонии Кашмирӣ яке аз шоирони машҳури форсизабони Ҳиндустон ҳанӯз дар асри XVII фармудааст: 

 

Хор ҳам аз давлати мо дар гулистон роҳ ёфт,

Домани мо ҳар кӣ мегирад, ба ҷое мерасад.

 

Имрӯз дар гулистони мо роҳ ёфтани хорҳо аз тарбия дур мондани ноболиғону ҷавонон аст.

 

Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест,

Дар камар номардро ханҷар намеояд ба кор.

 

(Фонии Кашмирӣ, Мунтахаби ашъор, “Ирфон”, с.1986)

 

Ана ҳамин тарбияи ҷавҳари мардӣ бояд чун оини ҷавонмардӣ ҷомеаи наврасону ҷавононро фаро гирад. 

 

    Умедворем, нерӯи ақли солим боло мегирад. Амнияти сайёҳ дар ҳар қадам таъмин мешавад. Меҳмоннавозии мардуми тоҷик  бо паҳн кардани дастурхони моддию маънавӣ дар байни сайёҳон боиси ризқи фаровон мешавад.