ИЗҲОРОТИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТИИ ДКМТ: БА ДОМИ ИФТРОГАРОЁН НААФТЕД

ТТЭ ҲНИ ба ҳар роҳу усул мехоҳад тухми дасисаро бикорад. Нафрати мардумро гӯё зиёд карданӣ мешавад. Ин нохалафон, ки дастпарвари аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошанд, мехоштанд бо ин амал ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар зарба зананд. Аммо боварӣ дорем, тирашон хок хӯрд. Баръакс онҳо бо ин корашон кӣ будани худ ва қотилу ваҳшӣ буданашонро нишон доданд.

Мутаасифона ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавонони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми фиреби душманони миллату давлати тоҷик меафтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки саркардагони гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати шомилгардонӣ ба сафҳои худ асосан ба қишри ниёзманди ҷомеа – бекорон, муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ ниёздошта, нафарони аз аъзои оила ва аҳли ҷомеа ранҷида ва ҷавонони дорои донишу маърифати паст дом мегузоранд.

Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҷавононе, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мераванд, мегӯем:

Ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиатон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунед.

Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳод намудаи шахсони шубҳанок, ки Шумо онҳоро намешиносед, бовар накунед.

Донед, ки шахсони бегона метавонанд ба шумо таъсир расонида, гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб созанд.

Пеш аз сафар дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва аз хатарҳои террористию экстремистӣ машварат гиред.

Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ мекунанд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ (Одноклассники, Фейсбук, Вайбер, Вотсапп, ВКонтакте ва дигар). Ба паёмаку даъватҳои шахсони ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳед, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хоричи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат аз афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷуед.

Ба доми фиреби ифротгароён наафтидани ҷавонон бешубҳа аз сатҳи маърифати сиёсӣ ва садоқати онҳо ба Ватан вобастагии зич дорад.