Изҳороти собикадорони мехнати ДКМТ дар иртибот ба воқеаҳои Варшава: АЗ ГУЗАШТАИ ХУД САБАК БАРДОРЕД !

Воқеаҳои дар Варшава бавуқӯъомадаро мо, занону модарони  шаҳри Левакант аз саҳифаҳои иҷтимоӣ тамошо карда, бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки аъзои гурӯҳҳои мухолифини тоҷик, ин хиёнаткорони сарупогумкарда ҳар воқеа ва ҳар воситаеро барои идома додани аъмоли рӯбоҳонаи хеш истифода менамоянд. Ин рафтори маккоронаю иғвоангезона барои онҳо одат шудааст, вале чун ҳамешагӣ монанди буғи об дар ҳаво нопадид хоҳад шуд. Инҳо мисли ҳамешагӣ исбот кардан мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя карда намешаванд. Мехоҳанд бо ин роҳ аъзои ҳизби наҳзатро, ки бархе аз онҳо барои кирдори дорои характери террористӣ ва қисме барои иғвогарию тафриқаангезӣ зиндонӣ шудаанд, озод намоянд. Шояд озод кардани ҳаммаслакон барои онҳо баҳонае беш набошад. Оре, баҳона муттаҳам сохтани Тоҷикистон ба зери по шудани ҳуқуқи инсон мебошад.

Вале онҳо бояд донанд, ки пеш аз чунин даъвоеро пеш овардан як ба чеҳраи худ назар афкананд, киро мебинанд? Гиребони худро бӯй кунанд, ки чӣ бӯе дорад? Дар чеҳраи шумо осори тиҳимағзиву ҳасодат соя андохтааст. Аз шумо бӯйи бухлу бахилӣ, дурӯғу бӯҳтон меояд. Мо, модарон ба шумо муроҷиат карда мегӯем: Пеш аз оне, ки касеро, сохтореро, давлатеро муттаҳам ба гуноҳе созед, бояд андеша кунед, ки барои ин миллату давлат чӣ кардаед? Замоне, ки Пешвои муаззами миллатамон барои сулҳу ваҳдат мубориза мебурданд, вақте ки барои баргардонидани гурезагони тоҷик чора меҷустанд, лаҳзаҳое, ки бо ҳидоятҳои созанда ва амалҳои бунёдкорона ба захмҳои ин миллат малҳам мешуданд, куҷо будед? Аз дастатон чӣ меомад? Албатта, ки ғайри тӯҳмату бадгӯиву тафриқаандозӣ чизи дигар на.

Мутобиқи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон арзиши олӣ ба шумор рафта, тамоми ҳуқуқу озодиҳои ӯ  аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Ҳар нафаре, ки дар доираи қонун фаъолияташро ба роҳ мемонад, аз тамоми озодиҳо бархӯрдор аст. Ҳама он тағйироту пешравиҳое, ки дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба вуқӯъ омадаанд, сифр ба хотири беҳсозии зиндагии мардум аст. Дар зарфи 27 сол сатҳи зиндагии ҳар хонаводаи тоҷик ба таври чашмрас рушд кардаву боло рафт. Аз ҳама муҳим, халқи тоҷик ҳамчун халқи сулҳпарвар ва тамаддунофар муаррифӣ гардид.

Барои ин ҳақиқатро пазируфтан Тоҷикистони имрӯзаро бо 27 сол муқаддам, ки бо айби шумову шумо баринҳо он замон оғӯштаи хоку хун гашта буд, муқоиса кардан кофист. Рӯзе нест, ки тавассути воситаҳои ахбори омма хабаре доир ба истифода додани иншооти муҳими давлатӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ пахш нашавад. Мо, модарон ва ҳама тоҷикистониён аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат розиему шукргузор. Ғайри шумо, ки аз бухлу ҳасаду кина месӯзеду дармегиред. Худро чун мурғи посӯхта ба ҳар дар мезанед. Чунки ин ҳама ободкориҳо хилофи нақшаҳои тарҳрезишудаи шумову хоҷагонатон аст.

Аслан касеро, ки дар замираш байни сиёҳу сафед эҳсоси фарқ гузоштан набошад, бо ҳазорон гуфтан афкораш тағйир намеёбад. Вале бо ин ҳама ба «ин ангуштони шашум дар панҷаи миллат» муроҷиат карда мегӯем: Аз хиёнат ба Ватан даст бардоред. Ин аъмол шоистаи ҳеҷ ватандор нест. Дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон барои худ ватан сохта наметавонед. Дар хотир дошта бошед, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он сиёсати инсонпарваронае, ки дорад, ҳозир аст гуноҳи онҳоеро, ки аз ноогоҳӣ ба доми гурӯҳҳои тундгарою тафриқаандоз афтодаанд, авф кунад. Ҷое биншинед ва сари кирдорҳои худ андеша намоед. Талош кунед, то фаҳмед, ки аз ин бозиҳои пасипардагию тарҳрезишуда фоида ба кист?

 Ватани худро азиз доред!

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

ҳабдаҳ + ҳаждаҳ =