Аз дар сомонаи president.tj 30-уми апрели соли равон дарёфтем, ки бо иқдом ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.
Боиси афсус аст, ки зумрае аз шаҳрвандони гумроҳи мо, барои иштирок дар ҷанги шаҳрвандии давлатҳои бо мо дўст, лекин садҳо км дур аз сарҳади Ватанамон – Ироқ ва Сурия рафта, баҳри ҳифзи ғояҳои экстремистӣ худ, оила, фарзандон ва авлоди худро зери хатар монда, дар он иштирок намуданд. Дар натиҷа садҳо нафар тоҷикистониён ба ҳалокат расида, оила ва фарзандони онҳо сарсону саргардон шудаанд.
Аз шаҳри Бӯстон низ 17 нафар дар кишварҳои ғайр қарор дошта, ҷиҳати бозгашти онҳо мақомот кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Маҳз ба дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рўзҳои аввали оғоз ёфтани ҷанг дар Ироқ ва Сурия, яъне аз соли 2011 бо мақсади эъмин нигоҳ доштани шаҳрвандонамон як зумраи онҳо аз хориҷа ба Ватан баргардонида шуда буданд. Муттаассифона, баъзе аз шаҳрвандони мо таклифи сарвари давлатро мадди назар намуда, ба Ватан бар нагаштанд. Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат ва кафили ҳуқуқу ўҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд бо иқдомҳои худ ҳамватанони моро дар куҷое ки набошанд ҳифз хоҳанд кард.