Мутобиқи назарияи сиёсатшиносӣ яке аз роҳҳои асосии ташаккули ҷаҳонишавӣ ин истифодаи васеъи воситаҳои ахбори омма аз ҷумларасонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар асоси дуруст истифода бурдани расонаҳои иҷтимоӣ фарҳанги миллӣва худшиносию ифтохори миллии халқ ва ҷомеа ташаккул меёбад Вале дар замони муосир мушоҳида менамоем, ки на ҳамаи аъзои ҷомеа бо як фарҳанги хос аз расонаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Балки як қатор гурўҳҳову шахсони алоҳида мехоҳанд барои амали намудани максадҳои шахсию гурўҳии худ расонаҳои иҷтимоиро нодуруст истифода мебаранд. Тавассути расонаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна шахсон мехоҳанд ғояву ақоидҳои худро паҳн намоянд, кибасулҳу субот ва амнияту истиқлолияти ҳар як давлат хатар меорад.
Аз ҷумла Мирзои Салимпур тавассути расонаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори оммаи хориҷӣ муқобили давлату миллати тоҷик суханҳои ғаразнок ва ифротии хешро баён менамояд, ки дар асл ба воқеият мутобиқат намекунад. Мавқегириҳои ў тавассути расонаҳои иҷтимоӣ ва ҷалб намудани ҷавонон намунаи хиёнаткориҳои ў нисбати халқу миллат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ифода карда мешавад.Ингуна шахсон танҳо мехоҳанд мақсадҳои худ ва хоҷагони хориҷаашонро амалӣ созанд ва дар ин роҳ аз ҳама гуннароҳҳову воситаҳои ғайриахлоқӣ ва ифротгароӣ истифода мебаранд. Барои чунин шахсон арзишҳоиумумиинсонӣ, маънавию ахлоқӣ ҷомеа маънию мазмун надорад. Онҳо муқобили шахсони сиёсӣ ва амалдорон бея гон асос нисбати шахсият ва иззати нафси онҳо сухан мекунанд ва муносибат менамоянд.
Мо ҷавонони ватандуст набояд ба суханони беасос, ифротӣ ва ғаразноки чунин ашхос дода шавем ва мавқеи онҳородастгирӣ намоем. Балки барои решакан намудани ҷомеа аз чунин фисқу фасод, ақоидҳои нопоки чунин афрод мубориза барем. То нагузорем, ки ингуна шахсон мисли Мирзои Салимпур ба истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, ваҳдату якпорчагиидавлату миллати тоҷик хатаррасонанд. Танҳо дар асоси муттаҳидӣ,якдиливу якфикрӣ мо метавонем, муқобили чунин шахсон мубориза барем ва бо бунёдкориву созандагӣ баҳри пешравӣ давлату миллати хеш саҳмгузор бошем.
Пайваста аз хатар бояд кард ҳазар!