ИЗҲОРОТИ САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ: КАБИРӢ АЗ МАНФУРТАРИН АШХОСИ ҶОМЕА

Тавре,ки ҳамагон хуб огоҳӣ дорем, роҳбари манфкри ТЭТ ҲНИ М. Кабирӣ ба хотири тарғибу ташвиқи ғояҳои бегона ва таҳмили фарҳангу арзишҳои бегона аз хориҷиён маблағ гирифта, тавассути аъзоёни ҳизбаш онро дар қаламрави кишвар татбиқ мекард.

Ҳамчунин Кабирии манфур ба хотири пулу мол шуда, ҳуввияти хешро ба фурӯш гузошта, ба хидмати хоҷагони хориҷӣ гузаштааст. Пас аз гуреза шуданаш ин террористи малъун аз шабакаҳои ҷаҳонии террористӣ истифода намуда, чандин ҷавонро гумроҳ сохта ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳамроҳ кардааст.

Ҳамзамон аз хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон маблағ гирифта ба дар шабакаи ҷаҳонии интернет чандин сомонаҳои хабарӣ боз намудааст, ки мақсадаш фақат ва фақат тарғиби ғояҳои ифротӣ ва паст задани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Мо кормандони донишкада ин рафтори манфуронаву хоинонаи душмани миллати тоҷик М. Кабирии палидро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки фирефтаи макри ин шайтон нагарданд!