ИЗҲОРОТИ ПРОФЕССОР З, РОЗИҚОВ: РИСОЛАТИ ЗИЁӢ ТАҲАММУЛ АСТ

Инсонияти бунёдкор дар дарозои таърих пайваста дар роҳи озодӣ ва истиқлолият азму ҳаракат ва талошу мубориза доштааст. Осори фарзандони фарзонаи халқи тоҷик низ далолат мекунанд, ки озодӣ аз қайди заҳмату зиллат ва асорат рисолати сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии мардуми меҳнатқарин будааст. Дар замоне, ки роҳбарони хирадпешаи нахустин давлати миллии тоҷикон – Сомониён дар роҳи адолати иҷтимоӣ ва истиқлолияти сиёсӣ мубориза мебурданд, устод Рӯдакӣ навишта буд:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!

Баъд аз таназзули давлати Сомониён халқи тоҷик танҳо дар давраи шӯравӣ озодии нисбӣ ба даст овард. Аммо озодӣ ва истиқлолияти ҳақиқӣ пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар гардид.

Акнун барои пойдор намудани Истиқлолияти кишвар бояд ру ба ободкорӣ овард ва ҳар мушкилотро паси сар намуда, рисолати таҳаммулпазириро бояд талқин намуд.