ИЗҲОРОТИ ПРОФЕССОРИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОИИ ДКМТ М.ДАВЛАТОВ: ГИРДИҲАМОИИ ТТЭ ҲНИ ЯК ДАСИСАИ ДИГАРИ ФИРЕБАНДА МЕБОШАД

Дар такя ба маълумотҳои расонаҳои иттилоотӣ дарак ёфтам, ки ҷонибдорони созмони манъшудаи ТТЭ ҲНИ тасмим гирифтаанд, ки дар хориҷи кишвар даст ба ташкили гирдиҳамоӣ зананд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар асрҳои гузашта Тоҷикистон низ ба вартаи куштор гирифтор шуд ва даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронид ва ҷанги бемаънии бародаркуш барои мардуми тоҷик сабақ шуд. Имрӯз дар ҷомеа як тудае  пайдо шуданд, ки бо ҳар мақсади ғарази худ мехоҳанд Тоҷикистони ором ва гулгулшукуфии моро ноором созанд.

Ба андешаи ман, халқи тоҷик чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмиву гурӯҳӣ ва динию мазҳабиро дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ аз сар гузаронид. Ва аз дасисабозиҳо, найранг, ҳиллабозӣ, мансабталошӣ, фурсатшуморӣ, аввомфиребӣ ҲНИ бохабар буда, то имрӯз ҳазорон модарони тоҷик дард ва доғи фарзанду шавҳарро аз хотир фаромӯш накардаанд. Агар ба оғози ҷанги бародаркуш назар афканем ҳоло ҳам аз хотири халқ мафкураи бегона, бародар гулӯи бародарро даронидан ва дар арсаи низоҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид аз видеои хотири халқ набаромадааст. Насли миёнсол ва калонсол хуб дар хотир дорад, ки бо “шарофати” ҲНИ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва фарҳангӣ чӣ қадар хароб шуд.

Аммо имруз авзо дигар аст. Дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии кишвар кӯшиш менамояд. Мардуми Тоҷикистон  дигар ба бозиҳои сиёсии ҲНИ бовар надорад. Бозичаи дасти бозингарони минтақавӣ будани ин ҳизб ва баъзе аз муллоҳо имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Сарпарастони лоиҳаи ҲНИ ҳар дақиқаю ҳар сония кӯшиш менамоянд шӯрангезӣ, куштор, нодонӣ, тафриқаандозиро аз соли 1992 то инҷониб дар қалби ҷангии мӯмину кофир густариш диҳанд. Мақсадҳои ҲНИ ғараз буда, ҳеҷ вақт ба мақсади нопоки худ намерасанд ва он иғвоангезие, ки аз баргузории “гирдиҳамоии бузург” хабар медиҳанд, боз як нағма ва дасисаи сиёсии ҳизб мебошад.

Бовар дорам, ки ақли солим боло мегирад ва ҳар кадоми мо дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар саҳми арзандаи худро гузошта барои пешгирии ҳама гуна иғвою дасисаҳо кушиш ба харҷ медиҳем.