Дар сафи ҳамкорони худ Рузи донишро бо шунидани нутқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба диққат гӯш карда чунин хулосабардорӣ кардам, ки сулҳу маорифпарварӣ дар замири софи Сардори давлати мо нуҳуфтааст. Хоса, “ Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми хонандагону донишҷӯён ва ҷавонони кишвар хотиррасон месозам, ки мо ба шарофати иродаи қавӣ ва рӯҳи шикастнопазири халқамон ва бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони шуҷои миллат барои хушбахтӣ ва рӯзгори босаодати халқамон ҷон ба гарав гузошта, истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намудем, давлати ҷавони худро аз хатари нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот додем.
Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем.
Дар оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, бори дигар таъкид менамоям, ки нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард.
Сабақҳои таърих ҳушдор медиҳанд, ки шумо — ҷавонони кишвар ва наслҳои оянда дар назди давлат ва сарнавишти халқи тоҷик масъулияти бузург доред.
Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо – наслҳои замони истиқлолият мебошад.
Итминони комил дорам, ки шумо – насли ояндасоз ба қадри истиқлолияту озодии Ватан – ин неъмати бебаҳо мерасед ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунед.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд.”
Чун чароғи ҳидоят ба тамоми аҳли зиё ин сухаронӣ неруи тоза ато намуд. Ва ин нуктаҳоро мо дар фаъолияти омузгории худ чун раҳнамо истифода мебарем.