ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОР ХУШҲОЛБЕКОВА МАВҶУДА: ТТЭ ҲНИ-ДУШМАНИ БАШАРИЯТ

Имрўз ТТЭ  ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикисто  ва шаҳрвандони он, инчунин, хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад.

ТТЭ  ҲНИ, ки барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд, ба халқи тоҷик ғаму дарди зиёд овард. Дар ин ҷанги бародаркушӣ панҷсола зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 2 миллион шаҳрванд бе хонаву дар монданд. Қисми зиёди одамон гуреза ва муҳоҷир шуданд. Дар баробари ин талафот,ба иқтисодиёти кишвар ба андозаи 7-10 миллиард долар зарари моддӣ расид.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 30% аъзои ТТЭ ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикистон  ворид шуданд. Ҳизби мазкур пайваста дар фикри забт кардани қудрат буд ва барои ин аз тамоми имкониятҳои худ ҳимоя мекард. Ҳамзамон, аъзои фаъоли он дар Душанбе, Рашт, Хоруғ ва Данғара тахрибкорию амалҳои террористӣ анҷом медоданд.

Пас аз манъи фаъолияти ТТЭ ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба кишварҳои шарқӣ ва Аврупо фирор карданд.Аз он дам то кунун хадамоти махсуси хориҷӣ ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва маблағгузорӣ менамоянд.

Қаламрави мамлакатҳои будубоши  онҳо ба сифати минбари ташвиқот ва майдони ҷанги иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи қатъии ТТЭ ҲНИ ба ҳайси як созмони террористӣ – экстремистӣ , муҳттаҳидсозии кўшишҳои муштаракро дар мубориза алайҳи терроризм метозонад . Ҳамзамон, ин яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтака ва умуман ҷаҳон хоҳад буд.