Дар ҳама давру замон матбуот чун ойинаи ҷомеа адои хизмат мекунад. Рушди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ дар ҷомеаҳои шарқии суннатӣ одатан ба осонӣ, дар масири шоҳроҳи ҳамвору бемонеа сурат намегирад. Бозсозӣ ва таҳаввули низоми суннатӣ ба низоми мардумсолорӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар сатҳи чунин ҷомеаҳо бо мушкилӣ, талошу қушишҳо зиёд дар роҳи тарбияи мафкура ва фарҳанги нави сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-ахлоқӣ амалӣ мегардад. Масъалаи муносибати дин ва давлат ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳими назариявии фалсафию сиёсатшиносию диншиносӣ будааст ва ҳаст. Баҳсу мунозира ва таҳқиқот дар ин замина фаровон буда, нуқтаи назарҳо гуногун вуҷуд доранд. Имрӯз дар амалия низ моделҳои гуногуни чунин муносибат фаъоланд. Яке аз чунин модели муносибати дину давлат –дин дар низоми дунявӣ мебошад, ки дар кишвари мо низ пиёда шудааст.
Аммо ба назари қаламкаши дасисабоз Салимпур воҳимаю ҳангомасозӣ ва ифшои камбудиҳо як усули кор шудааст. Табиист, ки вай худро назди хоҷагонаш чун нафари содиқ намоиш додан мехоҳад.