Имрӯзҳо тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеш ва ҷинояткорони наҳзатӣ ба хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанду талош мекунанд, то обрӯйи миллати тоҷикро, давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанд, ки ин хиёнати бузург ва нобахшиданист.
Ҳоло наҳзатиён ва дигар хоинони ҷамъшуда гирди раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии хоин ва террорист бештар талош меварзанд, то ҷомеаи моро сарсону саргардон созанд, бо навиштаву матлбаҳои бардурӯғашон иғвобарангезӣ кунанду миллатро гумроҳ намоянд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад ва ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд. Миллати тоҷик дастнигар ва муздуру зархарид будани наҳзатиёнро хуб медонад ва ин беномусии наҳзатиёни хоинро нахоҳад бахшид.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, хоинони зархаридро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!