ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: М. КАБИРӢ ХОИНИ МИЛЛАТ!

Ҳамарӯза дар расонаҳо дар бораи хиёнаткорӣ ва хоинии раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ аз забони мухолифин мешунавем ва ҳатто далелҳоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм мерасад, бисёр ҳам шигифтангез аст. Раиси ТТ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани миллат зери ниқо баромад карда, баъзан аз гуноҳҳову ҷиноятҳои кардааш гурехтанӣ мешавад, ки шоҳидон ва далелҳо ба ин иҷозат намедиҳанд.

Аммо бар замми ин М. Кабирии хоин талош мекунад, то ҳамон кори қаблияш, яъне хиёнаткориву дасисабозияшро идома диҳад, ки ин хиёнати рӯирост мебошаду чеҳраи ин хоин ва террористи наҳзатиро ошкортар месозад.

М. Кабирӣ душмани миллати тоҷик ва тамоми  тоҷикистониён мебошаду барои гумроҳ кардани мардум аз хоҷагони хориҷияш маблағ мегирад, ки ин хиёнати ин террористи наҳзатӣ ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори  душманонаи М. Кабирии палид ва хоинро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!