Имрӯзҳо хабарҳо аз ҳар гӯша ба гӯш мерасанд, ки гӯё қирғизҳо мехоҳанд заминҳои моро ғасб намоянду ҳоло нисбати сокинони наздисарҳадӣ рафтори зишт доранд. Ин албатта аввал як иштибоҳи бузурги таърихист, ки миллати тоҷик ба қирғиз ном қавме замин додааст. Сониян ягон нафар ҳаққи мудохила ба заминҳои моро надорад. Зеро сарҳади давлатии Тоҷикистон аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст ва бояд, ки як зарра аз он кам нагардад. Қирғизҳо имрӯзҳо одоби ҳамсоядориро намедонанд ва имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки онҳо ҳатто баъзан инсон будани худро фаромӯш месозанд, ки воқеан ҳам боиси таассуф аст.
Аммо ин нуктаро набояд онҳо фаромӯш созанд, ки ҳаргиз тоҷик барои бегонае, ки даъвои зӯран ғасби замини моро мекунад, дасти мадад дароз нахоҳад кард ва заминашро ҳам нахоҳад дод, зеро замин дигар аз миллат ва давлат асту ҳамсоя ҳаққи аз худ кардани онро надорад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодурусти ҳамсояҳои қирғизро маҳкум намуда, гуфтанием, ки ҳамсоя бояд аввал фарҳанги инсонӣ биомӯзад!