Ба ҳар як сокини Ватани маҳбубамон маълум аст, ки душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеш, аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом имрӯзҳо дар кишварҳои хориҷӣ бо сохтани созмону гурӯҳҳо бо номҳои дигар ҳаракат менамоянд, то мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияшон амалӣ гардонанд.
Аз хурд, то бузурги миллати тоҷик хуб медонад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ мақсади нопок доранду ҳадафашон душманӣ бар миллати тоҷик мебошад ва як маротиба аллакай бо чашми хеш мардум диданд, ки чӣ хел наҳзатиёни палид, ҷомеаи моро ноором намуданду бар сари миллати тоҷик чӣ балоҳо оварданд. Наҳзатиёни манфур солҳои 90-ум кӯшиш менамуданд, то миллати тоҷикро ба қатл расонида, кишвари моро пора-пора гардонанд. Ҳоло низ ҳамон наҳзатиёни хоин дар хориҷ истода бар алайҳи миллати тоҷик дасисабозӣ менамоянд, то ҷомеаро фиреб диҳанду ба мақсадҳои душманонаи худ бирасанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд кӯшиш кунанд, то фирефтаи чунин афроди хиёнаткор ва хоини наҳзатӣ нагарданд.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони наҳзатӣ, террористони виҷдонфурӯхтаро маҳкум намуда, бар онон лаънат мехонем!