ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Ҳоло ҷаҳон ба вабои аср гирифтор шудааст, ки онро терроризм ном аст. Терроризм воқеан ҳам имрӯз ба як хатари глобалӣ барои башарият табдил ёфтааст. Аксарияти созмонҳои террористӣ барои зарар расонидан бар насли башар талош мекунанд, ки ин воқеан ҳам як хиёнати бузург барои башарият мебошад.

Созмонҳои террористӣ бештар аҳолии осоиштаро зери ҳадаф қарор дода, дар аксарияти кишварҳои ором барои аз байн бурдани амнияту субот ҳаракат мекунанд ва бештар талош менамоянд, то ба марказҳои муҳими фарҳангӣ, таълимӣ ва тиббӣ, ки барои ҷомеа зарур аст, зарар расонанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ҳаматарафа терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, бар созмондиҳандагони амалиётҳои террористӣ лаънат мехонем!