ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: М. САДРИДДИН БЕШАРАФТАРИН ФАРДИ САЙЁРА!

Дирӯз, навори муроҷиати хоҳари М. Садриддин яке аз аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломро тамошо намуда, боз ҳам аз бешарафиву бетарбиягиву беинсофии ин хоини миллат шоҳид шудем. Воқеан ҳам М. Садриддин аз палидтарин инсонҳо ва аз шайтонтарин хоинони наҳзатӣ будааст, ки ҳатто падарашро дар Аврупо хору зор ва танҳо гузоштааст.  Магар мусалмонии наҳзатиёну М. Садриддин ҳамин аст, ки волидайнро танҳо бигузорӣ?

Эҳтироми волидайн шарти аввали диндорӣ мебошад ва маълум мешавад, ки наҳзатиён динро фақат ба хотири гумроҳ намудани ҷомеаву қаллобӣ истифода мекардаанду халос.

Маълум мешавад, ки М. Садриддин ҳатто эҳтироми падарашро ба ҷо наовардааст ва чӣ хел имрӯз ӯ ба мардум хизмат мекунад ба ҷуз шайтониву найранг?

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодурусти душмани миллат М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!