ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: ТТЭ ҲНИ-ЛОИҲАИ ТЕРРОРИСТИИ ХОРИҶИЁН!

Аз рӯйи таърихи пайдоиш ва фаъолиятҳои наҳзатиён  коршиносон маълум кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ як лоиҳаи террористӣ буда аз ҷониби кишварҳои ба мо маълум сармоягузорӣ мешавад ва мақсаду маромаш ҳам аз байн бурдани субботу оромӣ ва саодати миллат мебошад.

Аз рӯзҳои нахустини фаъолият  аъзоёни ТТЭ ҲНИ даст ба амалҳои террористӣ зада, ҳамкорияшонро бо созмонҳои террористӣ беҳтар бароҳ монданд, ки ин худ аллакай гувоҳ аз воқеияти ҳол мебошад ва ҳамагон хуб медонанд, ки чанги шаҳрвандии ташкилкардаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ чӣ қадар талафот бар миллати тоҷик расонид.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, хоинони бадкешро маҳкум намуда, бар ҳамаи наҳзатиёни ватанфурӯш ва хоин лаънат мехонем!