ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: М. САДРИДДИН ШАЙХИ ҚАЛЛОБОН!

Ҳамон гуна, ки ба ҳамаи мо маълум аст, М. Садриддин яке аз душманони миллати тоҷик, хоини бешараф ва бенанг пайваста талош мекунад, то ҷомеаро гумроҳ гардонад, аммо бехабр аз он ки ҳамаи ҳолномааш барои ҷомеа ошкор гардидаасту қаллобу дурӯя ва зархарид буданаш ошкор гардидааст.

Борҳо исбот шудааст, ки М. Садриддини хоин бо истифода аз дин ва дигар қавонони шариат мардумро фиреб дода, пулҳои онҳоро гирифта барнагардонидааст ва борҳо шариконашро фурӯхтааст, ки ин як номардӣ ва қаллобии рӯирост мебошад. Ҳоло М. Садриддини манфур худро, ҳомии дину шариат муаррифӣ намуда, бештар кӯшиш менамояд, то ҷавононро бо ҳамин роҳ гумроҳ гардонад. М. Садриддини хоин  душмани миллати тоҷик буда, имрӯзҳо бо дасисабозиву иғвобарангезӣ машғул гардида, фармони хоҷагони хориҷияшро амалӣ менамояд, ки ин аллакай хиёнат бар миллату Ватан мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинонаву авбошонаи М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!